Маркази таълимии ҳунаромӯзӣ-туҳфаи хуби наврӯзӣ баҳри бонувони шаҳри Бӯстон

Март 21, 2017 10:22

ХУҶАНД, 21.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалии  хуҷастапай бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва соҳибкори маҳаллӣ ба бонувони шаҳр туҳфаи хубе пешниҳод гардид.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод,  дар шаҳри Бӯстон бо иштироки васеи сокинон, фаъолзанону ҳунармандон,  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, аз ҷумла муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ва раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода маркази ҳунаромӯзӣ- Маркази таълимии атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ ва сехи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии  «Фулузоти нодири Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳоло дар шаҳри Бӯстон ду маркази таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият дошта, дар он аз рӯи ҳунарҳои гуногуни миллӣ беш аз 160 нафар занону духтарони бешуғл ба ҳунаромузӣ фаро гирифта шуданд.  То имрӯз зиёда аз 300 нафар бонувон ҳунарҳои миллиро аз худ намуда, соҳиби шуғли доимӣ гардидаанд.

Дар маркази нав дар навбати аввал барои ҳунаромӯзӣ 50 нафар занону духтарони бешуғл ҷалб карда шуда, дар оянда шумораи бонувони ҳунаромӯз ба маротиб зиёд карда мешавад. Бо ифтитоҳи маркази нав умед аст, ки он дар баробари ҷалби занону ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ, ҳамчунин дар рушди анъанаҳои миллӣ саҳмгузор хоҳад гашт.

 

Март 21, 2017 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон