Мавқеи обҳои Тоҷикистон дар инкишофи иқтисодиёти кишвар

Март 13, 2017 11:55

ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати қабул гардидани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар мавзӯи «Роҳҳо ва самтҳои истифодаи самараноки захираи обҳои Тоҷикистон» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронс олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён, мутахассисони мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар иштирок намуда, оид ба мавзӯъҳои мавқеи обҳои Тоҷикистон дар инкишофи иқтисодиёти кишвар, аҳамияти гидроэнергетики дарёҳои Тоҷикистон, нақши пиряхҳои Тоҷикистон дар ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои экологию ҳифзи захираҳои оби Тоҷикистон маърӯза хоҳанд кард.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон баргузор мегардад.

Март 13, 2017 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд