Мирзоаҳмад Аҳмадзода: «Дар 5 кластери Маркази миллии тестӣ 800 ихтисос ба роҳ монда шудааст»
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ашт вохӯрии масъулини бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо падару модарон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт хабар доданд, Муяссар Ҳайдарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт гуфт: «Мақсад аз вохӯрӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна шинос намудани онҳо бо фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва интихоби дурусти касб мебошад».
Мирзоаҳмад Аҳмадзода, сардори бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чунин гуфт: «Имрӯз дар 5 кластери Маркази миллии тестӣ 800 ихтисос ба роҳ монда шудааст, ки довталабон метавонанд аз рӯи завқ ва хоҳиши худ ихтисосро интихоб намоянд. Бақайдгирии довталабон аз 1 март оғоз гардид, ки то 15 апрели соли равон идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






