«Модар ҳама гул»-ташаббуси «Созандагони Ватан»

Март 7, 2017 10:37

ДУШАНБЕ, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз аз ҷониби намояндагии созмони ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар ҳама гул» ташаббуси ҷавонон амалӣ гардид.

Фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҷойҳои серодами ноҳия дар даст парчами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар тан либосҳои махсус бо рамзҳои созмони ҷавонони ҳизб занону бонувонро бо Рӯзи Модар аз номи ҲХДТ табрик гуфта, ба онҳо варақаҳои табрикотӣ тақдим намуданд.

ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати қадрдонӣ аз мартабаю манзалати зан-модар чунин барномаҳоро дар саросари кишвар роҳандозӣ намояд.

Март 7, 2017 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик