Модар сарчашмаи ҳаёт ва сафобахши зиндагист!

Март 6, 2017 16:42

ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақоми зан ҳамчун офарандаи сарчашмаи ҳаёт аз умқи таърих дар забони башарият ҳамеша васф мегардад. Нақши зан-модар дар рушди тамоми соҳаҳои ҷомеа муҳим ба ҳисоб рафта, аз домони поку нафиси ӯ шоирону арбобон, олимону ихтироъкорон, қаҳрамонону далерони Ватан ба дунё меоянд.
Бахшида ба Рӯзи Модар бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Сино ва дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳия маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Модар сарчашмаи ҳаёт ва сафобахши зиндагӣ» бо иштироки омӯзгорону муҳассилин баргузор гардид.
Тавре мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино зикр намуданд, ки дӯст доштан, эҳтиром намудан ва ба қадри ранҷу заҳмату муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фард ба шумор меравад. Занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат нақши фаъол дошта, ҳамчун сарчашмаи меҳру сафо, умедбахши зиндагӣ ва муҳаббату садоқатмандӣ шинохта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа баланд бардошта шуд. Ҳамчунин як зумра барномаҳои давлатӣ низ вобаста ба ҳаёти занон қабул гардиданд, ки меҳвари асосии онҳоро мақом ва нақши занон дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ташкил медиҳад. Ин иқдом барои баланд бардоштани нуфузи занон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ нақши бориз мебозад.

Март 6, 2017 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд