Муҳаммадюсуф Имомзода бо муовини Котиби генералии Фонди сулҳ ва рушди Ҷумҳурии мардумии Чин мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Котиби генералии Фонди сулҳ ва рушди Ҷумҳурии мардумии Чин хонум Юй Сяо Сяан бо ҳайати роҳбарикунандаи Фонди мазкур зимни сафари хеш ба Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ташриф оварданд.
Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори ДМТ бо хонум Юй Сяо Сяан ва ҳайати роҳбарикунандаи Фонди мазкур оид ба самтҳои илмию таълимӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд.
Зикр шуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дӯстиву рафоқат миёни Тоҷикистону Чин қавӣ гардад ва ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, хусусан илму маориф мустаҳкамтар шавад.
Баъд аз мулоқот меҳмонон дар толори калони донишгоҳ дар барномаи фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти Конфутсияи назди ДМТ таҳти унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» иштирок намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






