Муаррифии китобҳои профессори тоҷик дар Ҳиндустон
ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Китоби Замира Fаффорова, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи давлатии Алигарҳи Ҳиндустон таҳти унвони «Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: «Каламот-уш-шуаро» ва «Сафинаи хушгў» ба нашр расид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, китоби Замира Fаффорова дар ҷаласаи ифтитоҳии Ҳамоиши байналмилалии шарқшиносӣ ва мутолиоти эронӣ ва семинари байналмилалии Бедили Деҳлавӣ, ки чанде қабл дар Донишгоҳи давлатии Алигарҳи Ҳиндустон бо иштироки Мирзошариф Ҷалолов, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон, Ризо Ансорӣ Сафири Эрон дар Ҳиндустон, доктор Ҳаддоди Одил, Раиси Бунёди Саъдӣ, Алии Деҳгоҳӣ, ройзани Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳиндустон ва дигарон баргузор шуд, муаррифӣ гардид.
Дар шаҳри Деҳлӣ дар ройзании Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳиндустон шашумин давраи ҷоизаи Саъдии Шерозӣ баргузор гардид, ки дар он фаслномаи «Қанди порсӣ», ки шумораи №71-72-юми он таҳти унвони «Вежаномаи профессор Замира Fаффорова» ба нашр расид, муаррифӣ шуд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






