Муаррифии захираҳои об ва дигар сарватҳои табиати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Март 14, 2017 17:23

ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14 март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва имконоти ҷалби сайёҳон ва сармоягузорони араб брифинг доир намуд.
Брифинг дар яке аз марказҳои илмию тадқиқотие, ки ба омӯзиши мавзӯъҳои вобаста ба Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ машғул аст, бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, олимону муҳаққиқон, масъулини идораҳои давлатӣ ва чанде аз соҳибкорони маҳаллӣ баргузор шуд.
Зимни гузориши таҳлилии дипломати тоҷик ва андешарониҳои ҳозирин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2016 сурат гирифт, баҳои баланд дода шуд.
Ҳозирин ҳамчунин ба имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони араб таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Март 14, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад