Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» ба ТВ «Душанбе» табдил дода шуд

Март 29, 2017 14:17

ДУШАНБЕ, 29.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» — Муассисаи давлатии «Телевизиони «Душанбе» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Меҳмонсарои «Пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе — КВД «Меҳмонхонаи Душанбе» ном бурда мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарорҳои дахлдор дар бораи иваз намудани номи меҳмонхона ва телевизиони мазкур аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 28 марти соли 2017 ба имзо расиданд.
Ба директорони ТВ «Душанбе» ва КВД «Меҳмонхонаи Душанбе» С. Рауфзод ва С. Мӯсоев супориш дода шуд, ки ҷиҳати ба муҳру сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаҳо ворид намудани тағйироти зарурӣ ва ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Назорати иҷрои қарорҳои мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода ва Мавсума Муинӣ гузошта шуд.
Қобили зикр аст, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе корҳои нақшавиро ҷиҳати ба ифоқа овардани вазъи корҳо дар пойтахт бомаром идома дода, аз ҷумла, барои иваз намудани номҳои ҳаммонанди ташкилоту муассисаҳо тадбирҳо меандешад. Ғайр аз муассисаҳои мазкур айни ҳол дар шаҳри Душанбе як қатор иншооту муассисаҳо, аз ҷумла, «Боғи Пойтахт», Маркази таълимии «Пойтахт», Маркази хизматрасонии «Пойтахт», рӯзномаи «Мароми Пойтахт», бинои истиқоматии «Пойтахт», тарабхонаи «Пойтахт» ва маркази савдои «Пойтахт» номҳои ба ҳам монанд доранд.

Март 29, 2017 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд