Мубориза бар зидди маводи нашъадор аз сарҳад оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ташаббуси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҷалби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳоти наздимарзӣ ва бахшу шуъбаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Мубориза бар зидди маводи нашъадор аз сарҳад оғоз мешавад» машварат доир гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар машварат оид ба вазъи ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами сарҳадӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳоти вилояти Хатлон ва аҳолӣ дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҳодисаҳои номатлуб дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, вазъи феълии гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дар минтақаҳои транзитии сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва таъсири он дар болоравии вазъи нашъамандӣ дар вилоят, бахусус дар миёни занон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Данғара, Вахш, Ёвон, Фархор, Восеъ, Балхӣ ва Бохтар, инчунин мушкилоти пешгирӣ ва табобати он дар вилоят ба ҳозирин иттилоъ дода шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






