«Мукофоти ман баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Россия аст», «Омили асосии пешравиҳои инсон дар тамоми давраҳои зиндагӣ- ҷавонист»- шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи душанбеи худ (28.02.2017, №44-45) аз маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар саҳни бинои Қасри миллат, ки нимаи дуюми рӯзи 27 феврали соли равон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, гузориши муфассал нашр кардааст.
Дар ин саҳифа ҳамчунин изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои сафари Владимир Путин зери сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Россия шарики стратегии Тоҷикистон буд ва мемонад» нашр гардидааст. Дар изҳорот, аз ҷумла омадааст: «Ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович барои сарфароз гардонидан бо мукофоти олии давлатии Федератсияи Россия — ордени Александр Невский миннатдории самимии худро изҳор менамоям. Ин мукофотро ман, пеш аз ҳама, ҳамчун баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Россияи бародар арзёбӣ мекунам».
Дар саҳифаи дуюми ҳамин шумора нашрия — Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ аз 27 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба чоп расонидааст.
Дар шумораи рӯзи чоршанбегӣ рӯзномаи «Ҷумҳурият» (01.03.2017,№ 46-47) дар бораи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар нашр кардааст.
Дар шумораи зикршудаи рӯзнома ҳамчунин маводи таҳлилии хабарнигори «Ҷумҳурият» Сарвиноз Шодмонова таҳти сарлавҳаи «Як мактаби се деҳа ё мушкиле нест, ки осон нашавад» ба чоп расидааст. Муаллифи мақола аз мушкили хонандагони деҳаи Бешкаппаи шаҳри Кӯлоб, ки маҷбуранд аз надоштани мактаб дар фасли сармо роҳи дарозро тай намуда, барои таълим ба мактаби №32-и деҳаи Калот раванд, изҳори ташвиш намудааст. Ӯ, аз ҷумла, менигорад: «Дурии муассисаи таълимӣ баҳонаи он гардидааст, ки духтаронро пас аз гирифтани маълумоти асосӣ (синфи 9) аз таҳсил дур мекунанд». Муаллиф дар тақвияти гуфтааш далел пеш меорад, ки «Сафармо Шодиева аз ҷумлаи занонест, ки бо ин сабаб нагузоштааст духтаронаш маълумоти умумӣ бигиранд. «Ҳарчанд хоҳиши идомаи таҳсилро доштанд, аммо ман ба ин иҷозат надодам. Зеро ҳамеша дар ташвиши онам, ки духтаронам чӣ гуна ба мактаб рафта меоянд», — мегӯяд ӯ».
Дар саҳифаҳои дигари ин шумораи рӯзнома як қатор қонунҳои тоза ба тавсибрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидаанд.
Нашрияи парлумонӣ — «Садои мардум» дар шумораи навбатӣ (02.02.2017,№22-23) гузоришу хабар ва маводи таҳлилиро аз воқеаву рӯйдодҳои муҳими кишвар таҳти сарлавҳаҳои «Имзои шаш санади нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия», «Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ», «Тасдиқи нишони рамзии мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор», «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарҷ намудааст.
Нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» низ дар саҳифаҳои аввали шумораи навбатӣ (01.02.2017, №9) оид ба рӯйдодҳои муҳими сиёсии кишвар дар ҳафтаи гузашта иттилоъ додааст.
Дар саҳифаи 11-и ҳамин шумораи рӯзнома мақолаи Шерзод Абдуллозода, номзади илмҳои фалсафа зери сарлавҳаи «Андешаи ҷиддӣ оид ба об пас аз ҳазору чаҳорсад сол» ба чоп расидааст. Муаллиф дар анҷоми мақола чунин мегӯяд: «Дар оятҳои зикршудаи Қуръон (дар аввали мақола ин оятҳо оварда шудаанд), таъкид бар он шудааст, ки «Ҳар гоҳ бихоҳем ин оби гувороро талху шӯр қарор медиҳем, пас чаро шукр намекунем?»,- яъне агар Худованд хоҳад, обҳои гувороро метавонад ба обҳои талху шӯр табдил диҳад, вале ин корро намекунад. Мо инсонҳо бошем, ба ҷои шукр гуфтан, набояд дарёву кӯлу баҳрҳоеро, ки зиндагиамон аз онҳо вобаста аст, олудаву фасоду хароб кунем. Ин аст, ки ҳамзамон бо ҳамраъйӣ ба пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори шукрона аз Худованди меҳрубон ва даъвати инсоният ба ҳифзи табиат ин мақолаамонро ба охир мебарем ва амалӣ шудани онро аз Худованди Мутаол хоҳонем». Дигар мақолаҳои таҳлилии ин шумора «Нигоҳ аз равзанаи журналистикаи сиёсӣ», «Нақши калидии ВАО дар мубориза бо хатарҳои замони муосир», «Бо ҳидояти бародар», «Замини ниёкон» рӯзномаро ҷолибу хонданбоб гардонидаанд.
Минбари эҷодкорони Тоҷикистон рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» дар шумораи навбатӣ ( 02.03.2017,№9) маводи таҳлилиро таҳти сарлавҳаҳои «Нақдро аз карахтӣ раҳонем», «Адабиёт –рукни меҳвари маориф», «Шоҳнома» бозгӯи дарди ҳама замонҳост», «Ба чӯби хушк умри дубора мебахшад» ба нашр расонидааст, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами имрӯзи адабиёт ва фарҳангу санъати тоҷик инъикос гардидаанд. тДӯстдорони шеър метавонанд дар ин шумораи рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» аз чанд шеъри шоирони маъруфи тоҷик – Файзи Ашӯр, Шаҳрия, Набиҷон Чустӣ, Шоири халқии Ӯзбекистон ва шоири ҷавон Шаҳриёр Олимӣ ки ба чоп расидаанд, баҳра баранд. Ҳафтанома ҳамчунин дар ин шумора ҳикояи Маҷид Салимро бо номи «Чилмангуштак» ва афсонаи «Бойчечак-гули хушрӯи кучак»-ро, ки ба қалами Бахтиёри Ҷумъа, узви ИНТ тааллуқ дорад, пешкаши ҳаводорони наср гардонидааст.
Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (02.03.2017,№09) мақолаи таҳлилии Хуршед Мавлонов таҳти сарлавҳаи «Вақткушӣ. Ҳамаи корҳои бад аз беҳудагардӣ сарчашма мегиранд» ба нашр расидааст. Муаллиф дар мақолааш чунин менигорад: «Имрӯз дар кишвари мо дар баробари ҷойҳои зиёди дилхушӣ, мисли боғҳову истироҳатгоҳҳо, марказҳои забономӯзию касбомӯзӣ низ хеле зиёданд, ки дилхоҳ нафар метавонад бе ягон мамониат дар онҳо таҳсил намояду ҳунар аз худ кунад ва вақти худро зоеъ накарда, ба беҳудагардӣ машғул нашавад». Дар ин шумораи рӯзнома ҳамчунин мусоҳибаи Хуршед Ховарӣ бо Муродалӣ Ҳошимов, мушовири раиси ноҳияи Данғара, Аълочии маорифи Тоҷикистон зери унвони «Омили асосии пешравиҳо ҷавонӣ аст» чоп шудааст. Дар мусоҳиба М.Ҳошимов зикр кардааст, ки: « Омили асосии пешравиҳои инсон дар тамоми давраҳои зиндагӣ- ҷавонист. Олитарин нуқтаи ҳар чиз дар ҷавонӣ вусъат мегирад. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ҷавонӣ беҳтарин давраи зиндагист».