Мулоқот бахшида ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15 март таҷлил мешавад, дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии истеъмолкунандагон бо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии «Тоҷикстандарт», Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидимологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Сардори Раёсати ҳифзи ҳуқиқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисорӣ Акбар Хоҷаев гуфт: «Тибқи Резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ аз 9 апрели соли 1985 «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон» ва Қарори ҷаласаи нахустини Шўрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар давлатҳои иштирокчиёни ИДМ аз 25 ноябри соли 2011 ҳамасола Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 15 март ҷашн гирифта мешавад».
Мутахассиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ Таманно Раҳимзода оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва паҳлӯҳои мухталифи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ изҳори андеша намуд.
Дар мулоқот намояндагони кумитаҳои масъул вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон андешаҳояшонро иброз доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






