Мулоқотҳо оид ба ташвиқу тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар шаҳру ноҳияҳо бо шаҳрвандон мулоқот доир намуд. Дар ин бора аз Хадамоти мазкур иттилоъ доданд.
Зимни вохӯриҳо намояндагони Хадамот қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро ба шаҳрвандон фаҳмонида, онҳоро ба бунёдкорию созандагӣ даъват менамоянд. Бояд гуфт, ки яке аз мавзўъҳои асосии вохӯриҳо мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм мебошад.
Дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Ашт ва Ҷаббор Расулов 19 мулоқот бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо гузаронида шуд. Дар онҳо наздик ба 2000 нафар шаҳрвандон иштирок карданд.
Марҳилаи аввали корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми моҳҳои март-апрел ҷараён мегирад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






