Мулоқот оид ба роҳҳои ба касбомўзӣ ҷалб кардани муҳоҷирон пеш аз сафар
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурўҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо сокинони вилоят вохўриҳои судманд баргузор менамояд. Дар ин бора аз Хадамоти мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, чунин як вохўрӣ дар ноҳияи Шаҳритус баргузор гардид. Дар он намояндагони Хадамот оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, зарурати доштани касбу ҳунар ва шаҳодатномаи тасдиқкунанда, нақши забондонии муҳоҷирони меҳнатиро муҳокима намуданд.
Ҷамъомадагон дар хусуси паҳлўҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон, кумакҳои Хадамоти муҳоҷират ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва наздикони онҳо, роҳҳои ба касбомўзӣ ҷалб кардани муҳоҷирон пеш аз сафар ва маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгони кормандони Хадамоти муҳоҷират маълумоти дақиқ гирифтанд.
Бояд гуфт, ки чунин вохўриҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






