Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо кормандони милитсия дар вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 18.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо ҳайати шахсии Раёсаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти мазкур вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ кормандони милитсияро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард. Сардори РВКД дар вилояти Суғд Шариф Назарзода оид ба фаъолияти хизматӣ дар муддати ду моҳи соли равон ва натиҷаҳои корӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳо сухан гуфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода оид ба кушодашавии ҷиноятҳо, пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Зимни мулоқот кормандони милитсияи вилояти Суғд изҳор доштанд, ки тамоми қувваю ғайрат ва донишу малакаи касбиро баҳри он равона месозанд, ки волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва амнияти ҷомеа таъмин карда шаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






