Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон
ДУШАНБЕ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба Осиёи Миёна, Қафқоз ва Аврупои шарқӣ Андреас Пешке мулоқот намуд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, зимни мулоқот Сафир М. Неъматов ба А. Пешке табрикномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахшида ба 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Олмон супурд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба қаноатмандии хешро изҳор дошта, омодагиашонро баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисоду бозаргонӣ, фарҳангу тандурустӣ ва башарӣ баён карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






