Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъйин шуд

Март 13, 2017 14:51

ДУШАНБЕ, 13.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шамсиддинзода дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд маросими муаррифии роҳбари нави идора баргузор шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Саъдуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, ба ҷои ӯ Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъйин гардид.
Мунира Раҳимова, сардори нави Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд аз кадрҳои соҳибтаҷриба буда, солҳои зиёд дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Март 13, 2017 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад