Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Март 4, 2017 12:41

ХОРУҒ, 04.03.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Соли ҷавонон  байни донишҷӯёни факултаҳои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мусобиқа аз намуди футболи хурд баргузор шуд. Дар сабқат 11 тим ширкат меварзанд ва он то  Иди байналмилалии Наврӯз идома меёбад. Муовини ректор  Мамад Алимшоев гуфт, ки чанд сол пеш дар фасли зимистон мо имкони ташкили мусобиқаҳои варзишӣ надоштем. Аммо бо кумаку дастгирии Пешвои миллат соли 2010 дар шаҳри Хоруғ Қасри бошукӯҳи варзиш бунёд гардид ва мутобиқи шартнома бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии ВМКБ ин қаср дар ихтиёри донишҷӯёни донишгоҳ мебошад. Ду рӯз пеш мусобиқа аз намуди волейбол байни донишҷӯдухтарон бо ҳузури садҳо нафар мухлисон доир шуд ва бо пирӯзии дастаи мунтахаби донишгоҳ ба поён расид. Ногуфта намонад, ки аксарияти аъзои дастаи мунтахаби вилоят аз намуди волейболро донишҷӯёни ин донишгоҳ ташкил медиҳанд, ки бештар аз 10 маротиба чемпиони  ҷумҳурӣ дар намуди варзиш гардидаанд.

Муовини ректори донишгоҳи мазкур гуфт, ки дар чаҳорчӯби барномаи истиқбол аз соли ҷавонон дар рӯзҳои наздик конфронси илмию назариявӣ таҳти унвони «Имконоти рушди сайёҳии ҷумҳурӣ аз нигоҳи ҷавонон»  бо ширкати олимони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол баргузор мегардад.

Март 4, 2017 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад