Мусобиқаи гӯштини тарзи озод ва дзюдо дар Донишкадаи политехникӣ

Март 1, 2017 15:10

ДУШАНБЕ, 01.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тайи ду рӯз толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд макони баргузории чемпионати вилоят оид ба гӯштини тарзи озод ва дзюдо гардид.
Тавре аз ин донишкада хабар доданд, дар мусобиқа беҳтарин варзишгарони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ бо ҳам дар вазнҳои мухталиф рақобат намуданд.
Дар мусобиқа мудири бахши варзишии Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Тошбоев аз дастгириҳои давлат ва ҳукумат нисбат ба ҷавонон ҳарф зада, эълон шудани Соли ҷавононро фоли нек арзёбӣ намуд. Ба гуфти мавсуф, ҳадаф аз баргузории мусобиқа интихоби варзишгарон ба тими мунтахаби вилоят барои мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи ин намудҳои варзишӣ маҳсуб мешавад.
Варзишгарони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Масчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров дар вазнҳои мухталиф ғолиб омада, ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Март 1, 2017 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд