Мутахассисон зарари маводи мухаддирро ба хонандагон фаҳмониданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Қӯғонтеппа дар бораи маводи мухаддир ва зарари он, ба ҷиноят ва худкушӣ даст задани ноболиғон, ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрӣ доир гардид.
Ба иттилои Хатича Бегова, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, вохӯриро Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар якҷоягӣ бо намояндагони Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонони РВКД ва муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба соҳаи иҷтимоӣ ташкил намуданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки мақсад аз ташкили вохӯриҳо пешгирии наврасону ҷавонон аз корҳои ғайриахлоқӣ, нарафтан ба марказҳои дилхушӣ, истифода накардани маводи нашъаовар ва мадҳушкунанда, риояи қоидаҳои одоби мактабӣ ва сари вақт ба дарсҳо ҳизир шудани хонандагон мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






