Музаффар Ҳусейнзода бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот кард

Март 7, 2017 09:26

ДУШАНБЕ, 07.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Хусейнзода Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Пратибха Меҳтаро 6 март дар Душанбе ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҷории ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва БРСММ, татбиқи лоиҳаҳо ва Барномаи чаҳорчӯбавии СММ оид ба мусоидат бо мақсади рушд (UNDAF) барои солҳои 2016-2020, инчунин мусоидат ба амалисозии ҳадафҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Стратегияи Миллии Рушд ва Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ба мавзӯи 25-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар бораи баргузории чорабиниҳои муштарак ба муносибати ин санаи муҳим ба мувофиқа расиданд.

Март 7, 2017 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад