Музаффар Ҳусейнзода ва Ясмин Гуедар оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Франсия гуфтугӯ карданд

Март 3, 2017 16:58

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедарро имрӯз дар Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ Сафири Франсия паёмҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Олланд ва Вазири корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Франсия Жан-Марк Эйроро ба муносибати 25-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Франсия супорид.
Ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Франсия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Март 3, 2017 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад