Н.Олимзода: «Ба комиссияҳои даъвати наваскарон духтурони ботаҷриба сафарбар карда шаванд»

Март 31, 2017 17:03

ДУШАНБЕ, 31.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дирӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.
Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои ҳатмии Фармони мазкур ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ки ба комиссияҳои тиббӣ шомиланд, дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Зикр шуд, ки ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тиб, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, сафарбар карда шуда, онҳо бо воситаҳои зарурӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин карда шаванд.
Дар ҷамъомади корӣ намояндагони сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони муассисаҳои тиббиву пешгирии кишвар иштирок намуда, дар якҷоягӣ мушкилоти ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои ҳалли онро пешниҳод намуданд.
Умедҷон Солиев, сардори шуъбаи даъват ва пуррагардонии Раёсати ташкил ва сафарбарии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки «бо вуҷуди ба танзим даромадани сатҳу сифати кори комиссияҳои тиббии даъватшавандагон, ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар ин самт ҷой доранд, ки ислоҳи онҳо ногузир аст. Ҳолатҳои ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват шудани ҷавонони дорои бемориҳои гуногун, ҷавонони маъюб дида мешаванд, ки бартараф кардани ин ҳолатҳо аз табибони дар комиссияҳо шомилбуда масъулияти баланду ташхиси дақиқро талаб мекунад».

Март 31, 2017 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд