«Нақши матбуот дар замони муосир назаррас аст»-бардошт аз таҷлили Рӯзи матбуот дар Ашт
ДУШАНБЕ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 105-умин солгарди таъсиси Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.
Дар ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Зариф Мирдадо рӯзноманигоронро бо иди касбӣ таҳният гуфта, зикр намуд, ки 105 сол муқаддам, яъне 11 марти соли 1912 шумораи аввали нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз нашр баромад ва минбаъд ин сана ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола дар қаламрави кишвар ҷашн гирифта мешавад.
«Матбуот ва ВАО дар замони муосир ҳамчун як самти муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими рисолати миллии давлатдорӣ нақши беандоза доранд. Имрӯз дар ноҳия сомонаи навтаъсиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, рӯзномаи «Шуҳрати Ашт», телевизиони «Ашт», ширкати телевизион ва радиои «Диёри Ашт» ва радиои «Ашт» фаъолияти пурсамар дошта, ба таъмини фазои иттилоотии ноҳия мусоидат мекунанд», -афзуд ӯ.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






