Нақши сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар рушду нумуи фаъолияти иқтисодии берунӣ

Март 13, 2017 17:28

ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи фаъолияти иқтисодии берунӣ» — таҳти ин мавзӯъ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур иттилоъ доданд.
Дар семинар Диловар Қодирзода, ректори донишкадаи мазкур зикр намуд, ки масъалаи матраҳшаванда, яъне сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи фаъолияти иқтисодии берунӣ барои шароити имрўзаи иқтисодиёти миллии кишвари мо мувофиқи талаботи ҷомеа буда, татбиқи бонизоми он аз ҷониби сохторҳои идоракунии давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ба манфиати таҳкими пояҳои иқтисодии мамлакат мебошад.
Инчунин иштирокчиёни ҷамъомад дар мавзӯи мазкур маърўзаҳои худро пешниҳод карда, оид ба тадбирҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, дар рушди фаъолияти иқтисодии берунӣ ва шароити имрўзаи болоравии иқтисодиёти миллӣ изҳори назар карданд.

Март 13, 2017 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд