Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии «ITB BERLIN-2017» дар пойтахти Олмон ба кори худ шурӯъ намуд

Март 9, 2017 17:07

ДУШАНБЕ, 09.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Берлини Олмон намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2017» ба кори худ шурӯъ кард. Дар расми ботантанаи ифтитоҳи ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин намоишгоҳ шурӯъ аз соли 2008 бори даҳум аст, ки ба таври муташаккилона таҳти сарпарастии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон фаъолона иштирок менамояд.
Намоишгоҳи имсоларо Вазири иқтисод ва энергетикаи Олмон хонума Бригита Сипрас кушода, Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ ба кори намоишгоҳ барор таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ то 12 марти соли 2017 идома меёбад.

 

Март 9, 2017 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад