Намояндагони Парлумони Латвия бо шаҳри Конибодом шинос шуданд

Март 10, 2017 14:44

ДУШАНБЕ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 9 март раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвияро бо роҳбарии Вейко Сполитис ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд,  раиси шаҳр тавассути тахтаи электронӣ шаҳрро муаррифӣ намуда, меҳмононро бо таърих, анъана, фарҳанг, вазъи соҳаи саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф ва ғайра шинос намуд.

Ғайбулло Боҳирӣ зикр намуд, ки дар доираи Ёддошт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия, ки онро роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар ба имзо расонидаанд, метавон ҳамкории тарафайнро боз ҳам тақвият бахшид. Тавре таъкид карда шуд, меҳмонон асосан ба содироти хушкмева ва меваи тозаи кишвар ба Ҷумҳурии Латвия ва ба ин васила ба дигар мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ҳавасманд буда, дар ин замина омода ҳастанд дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар қаламрави вилоят саҳмгузор бошанд. Вейко Сполитис гуфт, ки меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд  аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, дар хориҷи дур харидорони сершумор доранд ва ба роҳ мондани содироти хушкмева боиси муаррифӣ ва боло рафтани нуфузи кишвар хоҳад гардид.

Раиси шаҳр зимнан таъкид дошт, ки дар шаҳри Конибодом зиёда аз 10 ҳазор гектар боғоти зардолу мавҷуд мебошад ва таҷдиду навсозии хоҷагиҳои кишоварзӣ имконият дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ боз ҳам зиёд шавад. Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Латвия тариқи буҷавӣ мубодилаи афкор намуданд. Инчунин дар мулоқоти судманд густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, тандурустӣ, туризм, оби нӯшокӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳарду ҷониб омодагии худро барои вусъати ҳамкорӣ дар оянда баён доштанд.

Дар доираи сафари кории худ меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳр аз ҷумла, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, ки таърихи қариб 100-сола дорад ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Мирраҷаб Додхоҳ боздид ба амал оварданд. Дар ин мавзеи таърихӣ диққати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвияро ёдгориҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносон, нигораҳо ва чизҳои қадимаи маҳфузмондаи бостонӣ ба худ ҷалб намуд.

Март 10, 2017 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад