«Наврӯз дар тасвири кӯдакон» — озмуни расмкашӣ дар муассисаҳои томактабии ноҳияи Спитамен

Март 4, 2017 12:45

 СПИТАМЕН, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар»/.  – Бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва огаҳӣ ёфтан аз анъанаҳои таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳия Спитамен дар моҳи март дар муассисаҳои томактабии ноҳия озмуни расмкашӣ таҳти унвони «Наврӯз дар тасвири кӯдакон» гузаронида мешавад.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» масъулин аз шуъбаи маъорифи ноҳия иттилоъ доданд, ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои наврузӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни «Арӯси наврӯзӣ» ва намоиши маҳсули эҷодии рассомони ҷавон бо номи «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!» доир мегарданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маъорифи ноҳия сарфароз мегарданд.

 

Март 4, 2017 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад