Наврӯз дар Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 20 март фаро мерасад
ДУШАНБЕ, 18.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ё соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи душанбеи 20 март фаро мерасад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре аз ин пажӯҳишгоҳ иттилоъ доданд, Наврӯз дар Тоҷикистон соати 15:29-и рӯзи 20 март фаро мерасад ва дар ҳамин вақт шабу рӯз баробар мешаванд.
Бо назардошти тафовути замонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид мешавад. Зеро аз лиҳози замонӣ миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан дуюним ва ним соат тафовути вақт вуҷуд дорад.
Бояд гуфт, ки се рӯз қабл аз фарорасии Наврӯз соли нави деҳқонӣ оғоз мешавад ва кишту кори баҳорӣ бо дуои кишоварзон дар саҳро шурӯъ мегардад.
Тавре аз Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, бо поёни соли нави деҳқонӣ соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз вориди Тоҷикистон мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






