Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ ва дӯстию ҳамдилӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе тантанаҳои идона ҷараён доранд. Аз ҷумла, дар «Боғи Рӯдакӣ» низ фазои идона фароҳам оварда шудааст, ки мардум бо рӯҳияи идона вориди боғ гардида, бо аҳли оилаи худ хурсандӣ доранд.
Мавлуда Каримова, як нафар сокини пойтахт, ки бо кӯдакони худ ба тамошои ин ҷашн омадааст, зикр кард, ки Наврӯз аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад.
«Наврӯз иди аҷдодон ва гузаштагони мо буда, ба мо ҳамчун мерос боқӣ мондааст. Арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ- арҷгузорӣ ба расму ойини гузаштагон мебошад. Наврӯз оғози рӯзу моҳу соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ ифтихор намоем».
Ғайрат Идиев, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ чунин иброз дошт: «Наврӯз, ки иди байналмилалӣ эълон гардид, моро боз ҳам шод гардонид. Акнун ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷахон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат мебошад».








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






