Наврӯз-пайвандгари халқҳост

Март 16, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон  ин иди  Наврӯз аст. Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдорӣ  аз  тарафи роҳбарияти  давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 23-юми феврали соли 2010-ум  қатъномаи Маҷмаи Умумии  Созмони Милали Муттаҳид  қабул  шуд, ки дар он 21-уми март рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз  ба унвони ҷашни  байналмилалӣ  эътироф  гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ  баҳри эҳёи таърихи  Иди Наврӯз ва таҷлили  минбаъдаи  ин суннат,  барои  миллати соҳибҷашни  тоҷик як ифтихори бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё  намудани оину анъаноти бостонии  Иди Наврӯз  ва бузургдошти  сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати  мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ биёбанд ва онро ҳамеша  ҳифз намоянд. Тамоми оинҳои наврӯзӣ  сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд  ва метавонанд наслҳоро ба  покии зоҳиру ботин,  садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ  ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-юми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.

Дар бораи Наврӯз дар маъхазҳои қадимаи «Авасто», алалхусус «Занд Авасто» гуфта шудааст, ки  мабдаи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо- Ҳурмузд баъди 3000-сола подшоҳиаш аз тарафи мабдаи ҷаҳолат ва торикӣ — Аҳриман бо лашкариёнаш ҳуҷум cap кард. Мабдаи тозагӣ ва равшанӣ Ҳурмузд барои несту нобуд сохтани Аҳриман равшаниро эҳдо намуд ва ба муқобили душманаш равона менамояд. Ҳамин рӯзи пайдоиши равшании аввалин гӯё «Наврӯз» мебошад. Ғайр аз Авасто мутафаккирони форсу тоҷик низ оид ба пайдоиши иди Наврӯз ақидаҳои худро баён намудаанд, ки дар онҳо ҷанбаҳои фалсафӣ ва ахлоқии он инъикос гардидаанд. Дар сарчашмаҳои бостонии порсизабон роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашни Наврӯз маълумоти зиёде дода шудааст, ки чанд намунаи он инҳоянд.

Мутафаккир ва файласуф Абурайҳони Берунӣ сабаби Наврӯз номида шудани рӯзи аввали моҳи фарвардинро чунин шарҳ медиҳад: « Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ба ҷину шайтон ҳамла кард. Ba ба як рӯз ба кӯҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвардин,
Баросуда аз ранҷ – тан, дил зи кин,
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Ба мо монад з-он хусравон ёдгор.
Дар «Форснома»-и Ибни Балхӣ низ сабаби аз тарафи Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯзро  баён намудаанд. Мувофиқи гуфтаи Балхӣ, Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Аз рӯи ин ривоят Ҷамшед 717 сол умр дида, ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзони­дааст, шаҳр барпо намуда, номи онро Истаҳр номидааст ва онро пойтахт қарор медиҳад. Мардум ӯро ба тахти шоҳӣ шинонида, ба сараш тоҷ мениҳанд. Ба ин муносибат ҷашне баргузор мегардад, ки онро «Наврӯз» меноманд.

Ба ақидаи Ҳаким Иброҳим Умари Хайёми Нишопурӣ сабаби ном гузоштани Наврӯз он будааст, ки «чун бидонистанд, офтобро ду давр бувад. Яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамл боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард».

Иду маросим ва расму оинҳо ҷузъи муҳими фарҳанги ҳар миллатро ташкил дода, дар тӯли садсолаҳову ҳазорсолаҳо ташаккул меёбанд. Ҷашну маросимҳое, ки ба монанди иди Наврӯз таърихи ҳазорсола доранд, шиносномаи қадимӣ будани халқу миллатҳо ба ҳисоб рафта, ба ҷаҳонбинии асотирию динӣ ва фалсафию ахлоқии онҳо иртиботи бевосита доранд. Мазмуну мундариҷаи ҷашну маросимҳо ва нақши онҳо дар фаъолияту зиндагии одамон ва ба кадом андоза аз ҷониби бегонагон эътироф гардидани онҳо  аз  чигунагии сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти ҳар кадом халқ шаҳодат медиҳанд. Зеро тарзи тафаккуру зиндагӣ ва зеҳнияти онҳо, пеш аз ҳама, дар расму оин ва ҷашну маросимҳо, ки фарҳанги зиндаю воқеии онҳоянд, таҷассум меёбанд. Ҳамзамон дар пайдоишу ташаккули ҷашну маросимҳо шароити табиӣ-ҷуғрофӣ, таърихӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ, навъҳои шуғл ва касбу кори халқҳо таъсири муассир дошта, ҷашну маросим ва оинҳо низ баръакс, ба ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти халқҳо таъсир мерасонанд. Тавре ки чунин фарқиятро мо дар  тарзи зиндагию тафаккури мардумони муқиминишину деҳқон ва ҳунарманд ва мардумони саҳронишину бадавӣ мебинем. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинию тафаккур, зеҳният ва ҷашну маросимҳои ҳар кадом халқ ҳамеша бо ҳам робита ва таъсири муттақобила доранд. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ҷашну маросим ва расму оинҳо оинаи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагии халқҳоянд, ки тавассути онҳо гузаштаю имрӯза ва кӣ будану аз куҷо омадани онҳо шинохта мешаванд.

Ба ҳамин маънӣ ҷашни Наврӯз ва маросимҳои марбут ба онро метавон оинаи рӯшани таҷассумгари тарзи тафаккуру зиндагӣ ва афкори фалсафию ахлоқии мардумони тоҷику форс номид. Зеро ин ҷашн ба мо доир ба ҷаҳоншиносии мардумони тоҷику форс маълумот дода, нақши фарҳангофарии моро дар тамаддуни умумибашарӣ собит месозад. Азбаски  дину  фалсафаи мардумони порситабор аз оғоз дар пояи ахлоқ устувор гардида, хусусияти инсонмарказиятро касб карда буд, ҳамин ҷаҳонбинӣ дар маросимҳои ориёӣ, махсусан ҷашни Наврӯз, дар шакли афкори инсонгароӣ, ки аслу маслакашро ахлоқи ҳамида ташкил медиҳад, ифода ёфт. Аз ин рӯ, дар силсилаи маросимҳои ориёӣ ҷашни Наврӯз мақому нуфузи хос дорад.

Одатан мо Наврӯзро ҳамчун рамзи фарорасии баҳору эҳёи табиат, оғози айёми киштукор ҷашн гирифта, доир ба ҷанбаҳои фалсафӣ-ахлоқии он, ки дар онҳо аҳамияти иҷтимоии Наврӯз таҷассум ёфтааст, камтар ёдовар мешавем. Наврӯз мубориза аст, муборизаи қувваи некӣ ба бадӣ, рӯшанӣ ба торикӣ, зебоӣ ба зиштй, сафедӣ ба сиёҳӣ, сулҳ ба ҷанг, шодӣ ба ғаму андӯҳ. Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст. Чунки ин ҷашн аз қадимулайём рамзи оғози нек буда, мардумро ба зиндадилӣ, кӯшишу ғайрат, дӯст доштани арзишҳои инсонӣ ва табиату зиндагӣ водор менамояд.

Имрӯз  шароити соҳибихтиёрӣ ба мо озодона таҷлил намудани  Иди Наврӯзро фароҳам овардааст  ва  зарур аст,  ки унсурҳои қадимаи он  бо кумаки  олимону донишмандон, донандагони таърихи Наврӯз барқарор шаванд. Тамоми оинҳои наврӯзӣ  сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд  ва метавонанд наслҳоро ба  покии зоҳиру ботин,  садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ  ва зебоипарастӣ ҳидоят намоянд. Ва инчунин бо итминони комил метавон гуфт, ки Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстӣ мебошад.

 

Абдуллоҳ ШАРИПОВ,

мутахассиси пешбари Шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 16, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад