«Наврӯзи Китобхонаи миллӣ» баргузор гардид

Март 20, 2017 12:14

ДУШАНБЕ, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ зери унвони «Наврӯзи Китобхонаи миллӣ» пешкаши шаҳрвандон гардид.
Тавре ки мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, даромадгоҳи асосӣ ва саҳни ҳавлии Китобхонаи миллиро лавҳаҳои наврӯзӣ, сӯзаниҳои гуногун ва табақҳои суманак зиннат дода буданд. Инчунин аз ду тарафи даромадгоҳи асосӣ дар мизҳо дастурхони наврӯзии «ҳафт син», «ҳафт шин» ва намоиши ҳунарҳои дастии миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Дар ду тарафи даромадгоҳи асосӣ намоиши китобҳои нодир ва тозанашр ташкил шуда буд.
Дар барномаи фарҳангӣ роҳбарият ва меҳмонон сухан гуфта, иштирокдорон ва кулли сокинони кишварро бо Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода, аз ҷумла зикр кард, ки «Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳо ва анъаноти ниёгон мебошад. Аҷргузорӣ ба ин ҷашни миллӣ эҳтиром гузоштан ба расму русуми гузаштаи худ мебошад. Аз қадимулаён Наврӯзро дар баъзе минтақаҳо ҳамчун ҷашни миллӣ пешвоз мегирифтанд. Наврӯз аз давраи Чамшеду Каюмарс то ин давра чандин марҳилаҳои таърихиро тай намудааст. Дар ҳеч давраи таърихӣ ниёгони бузургвори мо аз таҷлили он худдорӣ наварзидаанд, балки сол ба солу аср ба аср он аз ҷиҳати муҳтаво ва доманаи вусъат бузургтару пурмаънотар ва пуршукӯҳтар шудааст. Бахусус, дар замони Истиқлолият ҷашни Наврӯз шукӯҳи тоза гирифт ва дар ин самт хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза бузург аст».
Меҳмонон ва тамошобинон аз шиору овезаҳо ва дастурхони наврӯзӣ, ки аз ҷониби кормандони китобхона омода шуда буданд, дидан намуда, ба ҳунар ва маҳорати онҳо баҳои баланд доданд. Инчунин барномаи рангини наврӯзӣ, ки аз суруду тарона, бадеҳасароию гулгардонӣ, рақсҳои ҷолиб, фалаксароӣ ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ иборат буд, хотири иштирокчиёнро болида сохт.

Март 20, 2017 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад