Неругоҳи барқии деҳаи Андарбаки водии Язгулом баъди навсозӣ бо иқтидори бештар ба кор андохта шуд
ХОРУҒ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Неругоҳи хурди барқии Андарбаки водии Язгулом ягона манбаи таъминкунандаи сокинони ин водӣ бо неруи барқ мебошад. Ду сол пеш бар асари обхезию ҷорӣ шудани сел бинои асосӣ, шабакаи обрасонӣ ва чархҳои неругоҳ шадидан осеб дида, боиси аз фаъолият бозмондани ин неругоҳ гардид. Моҳи марти соли гузашта ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» бо ҷалби коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назрӣ» ба навсозии ин неругоҳ оғоз кард ва дар давоми як сол онро ба итмом расонд. Муҳандиси ширкати мазкур Умед Юсуфхонов гуфт, ки «ин неругоҳ соли 1999 бо иқтидори 300 киловатт бунёд ёфт ва ба сабаби офатҳои пай дар паи чанд соли охир комилан хароб гашт. Аз ин рӯ ширкати «Помирэнерҷӣ» ба қароре омад, ки тамоми иншоот ва таҷҳизоти онро аз сари нав бисозад. Барои таҷдиди неругоҳ 375 ҳазору 571 доллари амрикоӣ ихтисос дод ва дар муддати як сол неругоҳ ба кор андохта шуд».
Соли равон бунёди боз як неругоҳи дигар бо тавоноии 300 киловатт дар деҳаи Мотаравни ин водӣ дар назар дошта шудааст. Неругоҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






