Ниҳолшинонӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ

Март 20, 2017 11:55

ДУШАНБЕ, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаву идораҳои зерсохтори он дар рӯзҳои истироҳат ҳашар баргузор намуданд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯзҳои истироҳатӣ наздик ба 1000 адад ниҳоли арчаву дарахтони мевадиҳанда, зиёда аз 4 000 бех гули ороишӣ зимни ҳашарҳои умумӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои театрӣ-консертӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳа дар назди бинои ташкилоту муассисаҳо ва қитъаҳои таълимии берун аз шаҳр барои боз ҳам сарсабзу зебо кардани муҳити атрофи шинонида шуданд.
Ҳамчунин дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ сурат гирифта, то ба имрӯз дар ҳудуди 800 метри мураббаъ 124 адад ниҳоли сӯзанбарг ва дарахтони мевадиҳанда, 1200 бех гулҳои ороишӣ шинонида шуда, дигар корҳои таъмирӣ ва сохтмонӣ идома доранд.

Март 20, 2017 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд