Ноболиғ даст ба ҷинояти дуздӣ зада, дастгир шуд

Март 16, 2017 17:02

ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Сино зани 60-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 6 марти соли 2017, тахминан соати 17:30 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар Варзишгоҳи марказӣ ҳамёнашро, ки дар дохилаш як адад корти «Ориёнбонк» ва 750 сомонӣ, ҷамъ 2 ҳазору 600 сомонӣ маблағ буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ писарбачаи 16-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи яке аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи далели мазкур тафтишот идома дорад.

Март 16, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд