Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Март 25, 2017 08:36

ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшиданд.

Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов аз ҷумлаи хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти чорвопарварӣ, пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ин хоҷагӣ дар майдони умумии 658 гектар пунбадона кишт шуда, аз ҳар як гектари он деҳқонон ба ҳисоби миёна то 23 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Имсол аз рӯи нақшаи пешбинишуда, кишоварзони хоҷагии мазкур аз 70 ҳазор гектар замини дар ихтиёрдошта дар майдони 800 гектар кишти пунбадона мегузаронанд. Ҳамасола васеъ кардани майдони кишти пахтаро хоҷагидорон ба манфиатовар будани ин самти соҳаи кишоварзӣ марбут медонанд.

Сарвари давлат ҳангоми мулоқот бо саҳмдорони Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов изҳор доштанд, ки ҳангоми кишт ба навъ ва сифати пунбадона аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Барои хуб нашъунамо ёфтани ниҳоли пахта корҳои агротехникӣ ва ғизодиҳӣ саривақт ва бо меъёри зарурӣ иҷро карда шаванд. Танҳо дар ин ҳолат ҳосили фаровони пахта рӯёндан мумкин аст.

Имсол хоҷагидорон дар заминҳои худ кишти пахтаро бо истифода аз тухмии серҳосили хориҷии навъи «Флеш» ба нақша гирифтаанд. Ба иттилои масъулон, тухмии нав дар шароити иқлими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб сабзиш ёфта, деҳқонон ният доранд, ки аз ҳар гектар замин аз 40 то 60 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд. Барои сари вақт ва босифат анҷом додани маъракаи кишти пахта ҳамаи техникаҳои кишоварзии хоҷагӣ, ки аз 13 адад техникаи нармкунандаи замин, 7 адад тухмипошак ва 13 култиватор иборат мебошад, омодаи кор аст.

Пешвои миллат ҳамзамон аз боғи интенсивии Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов дидан намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, боғи навбунёди интенсивӣ, ки масоҳати 40 садякро дар бар мегирад, дар ҷойи боғҳои кӯҳна бунёд гардидааст. Дар боғ асосан ниҳолҳои шафтолуи навъи «Роял сумерк», навъи олуи «Июнская роза» ва зардолуи машҳури «Мирсанҷалӣ» шинонда шудааст.

Пешвои миллат барои деҳқонон манфиатбахш будани боғи интенсивиро шарҳу эзоҳ дода, таъкид доштанд, ки дар шароити кӯҳистон бунёд кардани чунин боғ хеле қулай аст, зеро дар масоҳати на он қадар калон шумораи зиёди ниҳолҳоро шинондан мумкин аст. Яке аз бартариятҳои боғи интенсивӣ дар зуд ба ҳосил даромадани дарахтон мебошад. Аллакай баъд аз ду сол боғҳои навбунёди интенсивӣ боровар мешаванд. Дар байни қатори дарахтон бошад боғдорон метавонанд навъҳои гуногуни сабзавот ва полезӣ кишт намоянд.

Сарвари давлат таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истеҳсоли меваҳои хушсифати содиротӣ ҷалб намуда, зикр карданд, ки бо васеъ шудани масоҳати боғҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба масъалаи коркард ва хушкондани меваю сабзавот низ аҳамияти зарурӣ дода шавад. Дар навбати худ деҳқонон иброз намуданд, ки айни ҳол дар хоҷагӣ дар майдони 1200 га боғу токзорҳо мавҷуд аст, ки ҳосили меваи онҳо на танҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам содирот мешавад. Иброз гардид, ки дар ҳамаи самтҳои соҳаи хоҷагидории Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов зиёда аз 600 саҳмдор фаъолият менамоянд, ки самараи меҳнати онҳо хони сокинони кишварро бо маҳсулоти гӯштӣ ва меваю сабзавоти тару тоза оро медиҳад.

Пешвои миллат ба коргарони хоҷагӣ барои рушди боғу токпарварӣ, истифодаи мақсадноки замин, обёрии саривақтӣ, парвариши зироат дар гармхонаҳо ва ба ҳамин восита таъмин намудани бозорҳои ноҳия ва вилоят бо сабзавоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо даданд.

Март 25, 2017 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд