Оғози сафари кории Вазири корҳои дохилӣ ба вилояти Суғд

Март 16, 2017 10:37

ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба вилояти Суғд сафари корӣ намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сафари кории Рамазон Раҳимзода бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шароит ва хизматбарии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ дар ҷузъу томҳои ВКД, боздид аз маъракаи ниҳолшинонӣ дар хоҷагии ёрирасони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва баргузор намудани мулоқот бо ҳайати шахсии милитсияи минтақа мебошад.

Инчунин дар доираи сафари корӣ бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар варзишгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон бозии дӯстонаи футболи хурд байни дастаҳои Динамо»-и ВКД ва «Эсхата»-и Бонки Эсхата таҳти шиори «Ҷавонон- неруи созанда» баргузор шуд.

Дар мусобиқа тими «Динамо»-ро варзишгарони Шӯрои варзишии ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ муаррифӣ намуда, ҳайати дастаи «Эсхата»-ро як гурӯҳ ҷавонони болаёқат, ки дастаро дар чандин мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ба пирӯзӣ ноил гардонидаанд, муаррифӣ намуданд.

Дар бозии мазкур варзишгарони ҳарду даста фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.

Ҷараёни бозӣ нишон дод, ки аъзои дастаи «Динамо»-и ВКД пешсафиро ба даст гирифта, дар қисмати аввал ба дарвозаи ҳариф 6 гол ворид намуданд. Ҳамчунин дар ин қисмат футболбозони дастаи «Эсхата» ба дарвозаи меҳмонон 3 гол ворид намуданд.

Дар қисмати дуюми мусобиқаи дӯстона низ бозингарони дастаи «Динамо» пешсафиро аз даст надода, ғолибиятро ба даст оварданд.

Дар натиҷа бозии дӯстона ба фоидаи дастаи «Динамо»-и ВКД ба анҷом расид.

Айни ҳол сафари кории Вазири корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд идома дорад.

Март 16, 2017 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд