Ғолибони «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуданд

Март 13, 2017 11:58

ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 11 марти соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар озмун бо ба даст овардани 7 дипломи ҷои аввал ва 5 дипломи ҷои дуюм донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардида, «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб шуданд.
Инчунин бо ба даст овардани 2 дипломи ҷои якум ва 3 дипломи ҷои сеюм донишҷўёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷои дуюм ва донишҷўёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 2 дипломи ҷои дуюм ва 2 дипломи ҷои сеюм сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади дарёфти хонандагони боистеъдод аз рӯи 12 соҳаи илм — математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳукуқ соли 4-ум аст, ки гузаронида мешавад.

Март 13, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!