Ғолибони озмуни шаҳрии «Беҳтарин шеъру ҳикоя» муайян гардиданд

Март 18, 2017 11:22

ХОРУҒ, 18.03.2017./ АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ озмуни шаҳрии «Беҳтарин шеър ва ҳикоя» баргузор гардид, ки дар он намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат доштанд. Ба гуфтаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Алидоди Чароғабдол, «мақсади озмун ин нест, ки дар оянда ҳамаи кӯдакону наврасон бояд шоиру нависанда ба воя расанд, балки онҳо бояд ба дарки ҳар як мавзӯъ сарфаҳм рафта, фикри худро дар ҳар шакле ки набошад, бидуни иштибоҳ баён кунанд».
Шоира Руқияи Давроншо гуфт, ки «чанд соли охир бо сабаби коҳиш ёфтани сатҳи китобхонӣ дар миёни насли наврас савияи дониши хаттию шифоҳии онҳо низ хеле коста гаштааст. Аз ин рӯ Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири боло бурдани дониши хаттию шифоҳии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз ин тадбир кор гирифт ва ин иқдоми хеле саривақтист. Умедворем, ки вазъи забондонии хонандагон дар оянда рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Озмуни мазкур дар рушди гуфтору навиштори кӯдакону наврасон низ кумак хоҳад кард. Онҳое, ки имрӯз дар озмун ширкат мекунанд, на ҳамаашон шоиру нависанда мешаванд, аммо боварӣ аст, ки дар оянда ҳар касберо интихоб кунанд ҳам, касе ба суханронию саводи хатии онҳо эрод нахоҳад гирифт».

Март 18, 2017 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд