Ғолибони пойгаи аспдавонӣ соҳиби мошин, шутур ва асп гардиданд

Март 25, 2017 11:16

ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  24 марти соли равон  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2017» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16- сола боло бо аспҳои 2, 3 ва 4- сола иштирок намуда,   дар даҳ марҳила байни ҳам рақобат карданд.
Баъд аз баргузории мусобиқа Шоҳҷоиза дар байни аспҳои зоти тоҷикии аз 4-сола боло насиби  аспи тоҷикӣ бо лақаби «Гандикап» аз хоҷагии деҳқонии «Мир»-и ноҳияи Ховалинг  ва  ҷои якум насиби Анушервони Рустам аз шаҳри Душанбе бо аспи саворӣ бо номи «Рахш» гардид.
Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2017» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилллӣ ва Соли ҷавонон роҳандозӣ шуда, ғолибони он бо мошин, шутур ва асп қадрдонӣ шуданд.

Март 25, 2017 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад