«Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» донишҷӯёнро интизор аст

Март 6, 2017 16:45

ДУШАНБЕ, 06.03..2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон 10-11 марти соли равон олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор менамояд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсади олимпиада баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба омўзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, инчунин дарёфти донишҷўёни лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм мебошад.
Дар олимпиадаи мазкур донишҷўёни зинаи бакалавр ва мутахассиси курсҳои 1-5-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз рўи 12 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) гузаронида мешавад, иштирок карда метавонанд.
Барои иштирок дар олимпадаи мазкур пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷўӣ (дафтарчаи донишҷўӣ) ҳатмист.

Март 6, 2017 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад