Омодагии сокинони шаҳри Турсунзода ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ
ТУРСУНЗОДА, 09.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имсол Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» итилоъ дод, имрӯзҳо сокинони шаҳри Турсунзода ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ корҳои омодагиро вусъат дода истодаанд. Онҳо тасмим доранд дар арафаи ин ҷашни бузург дар гулгаштҳои шаҳр беш аз 40 ҳазор дона гулҳои рангоранг ва зиёда аз 15 ҳазор бех дарахтони гуногуну сояафкан шинонанд.
Ҳоло шиору овезаҳо оид ба Наврӯзу баҳор, рангу бори биноҳои маъмуриву истиқоматӣ симои шаҳрро боз ҳам зебо намудааст. Ҳашарҳои дастаҷамъонаи маҳаллаҳои шаҳр имкон дод, ки шаҳр тозаву озода ва ба иди бостонию дўстдоштаи мардум- Наврўзи Аҷам пурра омода гардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






