Ошкор гардидани куштор дар шаҳри Норак
ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҷинояти куштор дар шаҳри Норак хабар медиҳад. Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, 8 марти соли равон ба қисми навбатдории Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак аз ҷониби сокинони ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак ҷиҳати дарёфти ҷасади зани шахсияташ номаълум бо аломатҳои марги маҷбурӣ хабари телефонӣ ворид гардид.
Сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир гаштани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак имкон дод, ки дар муддати начандон зиёд шахсияти ин зан муайян карда шавад, ки ӯ С.Г., сокини ноҳияи Ёвон, деҳаи Обшорон, соли таваллудаш 1990 будааст. Ҷинояти мазкурро шаҳрванд Баҳром Сафаров, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Восеъ, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, содир намудааст.
Муайян гардид, ки Баҳром Сафаров бо С.Г. чанд муддат ошноӣ пайдо карда, шаби 7 марти соли равон дар шаҳри Душанбе, дар дохили мошин машруботи спиртӣ истеъмол мекунанд. Дар ин асно байнашон муноқиша бархеста, Баҳром Сафаров бо мушт ба сару рӯи ин зан зада, ӯро аз по афтонида, дар ҳолати беҳушӣ дохили мошини «Старекс», ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, гузошта, ба хонааш меравад. Субҳи рӯзи дигар аз хавфи он, ки С.Г. ба мақомоти милитсия хабар надиҳад, ӯро бо ресмон бӯғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад ва барои рӯйпуш кардани ҷинояти содиркардааш ҷасадро ба самти шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, роҳи автомобилгарди ағбаи Шар-Шар, дар километри 60-уми ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак ба ҷарӣ мепартояд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
«Аз рӯи далели мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Норак парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корхои дохилӣ.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






