Ошкор намудани чанд дуздӣ ба маблағи беш аз 40 ҳазор сомонӣ дар Хоруғ
ДУШАНБЕ, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ аризаи шаҳрванд Муслим Шерзамонов, сокини кӯчаи Иҷубови шаҳри Хоруғ дар он хусус ворид гардид, ки 26 феврали соли 2017, тахминан соати 21:00, шахсони номаълум аз пеши хонаи истиқоматиаш мошини тамғаи «Чанху», рақами давлатиаш ВХ 93-24 РТ 01-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсияи ШВКД дар шаҳри Хоруғ ҳамчун гумонбар дар содир намудани якчанд ҷиноят Мирзоазиз Мародбеков, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъа дастгир гардид.
Зимни пурсиш маълум гардид, ки номбурда воситаи нақлиёти тамғаи «Чанху»-ро ба самти ноҳияи Роштқалъа- деҳаи Занудҷ бурда, дар ҷойи таъмири мошинҳо бо нияти ҳамчун қисми эҳтиётӣ фурӯхтан мондааст. Номбурда мехостааст маблағи гирифтаро ба манфиати шахсиаш сарф намояд.
Инчунин зимни тафтишот аз тарафи кормандони шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хоруғ маълум гардид, ки Мирзоазиз Мародбеков бо ҳамроҳии Парвиз Ғарибмамадов, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Хоруғ, моҳи феврали соли 2016 ба тариқи пинҳонӣ дар ноҳияи Роштқалъа аз оғилхонаи шаҳрвандон мол дуздида, маблағҳои аз ин ҳисоб бадастовардаро ба манфиати шахсии худ истифода намудаанд. Дар умум ба сокинони шаҳри Хоруғ ба маблағи 41 ҳазору 20 сомонӣ зарари моддии ҷиддӣ расонидаанд. Аз номбурдагон далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд.
Айни ҳол нисбат ба Мирзоазиз Мародбеков парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад. Номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






