Озмуни наврӯзӣ миёни кормандони соҳаи тиб
ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли ҷавонон озмуни «Бале духтарон» байни кормандони соҳаи тандурустии минтақаи Кӯлоб доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун аз рӯи шартҳои оростани дастархони наврӯзӣ, қироати шеър дар васфи Наврӯз, намоиши либосҳои миллӣ ва тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ байни кормандон сурат гирифт.
Дар озмун ҷои аввал ба Маркази вилоятии бемориҳои чашми минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Темурмалик, ҷои дуюм ба дастаи Маркази вилоятии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб, беморхонаи кӯдакона ва ҷои сеюм ба дастаи Маркази бемориҳои нашъамандии Кӯлоб ва ноҳияи Фархор сазовор дониста шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






