Озмуни телевизионии «Дурдона -2017» ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ бахшида мешавад

Март 16, 2017 16:20

ХОРУҒ, 16.03.2017./ АМИТ «Ховар»/. Идораи радио ва телевизиони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маориф ва шуъбаи фарҳанг ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни сарояндагону навозандагони навраси муассисаҳои таҳсилоти умумӣ озмун эълон кардааст.
«Аз таҷрибаи чандинсолаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ боварӣ ҳосил кардам, ки кӯдакону наврасони зиёде ба ҳунари мусиқӣ ва овозхонӣ шавқу рағбати беандоза доранд ва вазифаи мо, ҳунармандон кашф ва сайқал додани истеъдоду маҳорати онҳо ба шумор меравад»,-баён дошт узви ҳайати ҳакамони озмун, ҳунарманди Театри мусиқӣ- мазҳакавии шаҳри Хоруғ Ҷобир Хубоншоев,
Озмун 27 март дар студияи телевизиони Бадахшон баргузор мегардад ва як ҳафта идома меёбад. То ба ҳол наздики 200 нафар кӯдакону наврасон барои ширкат дар озмун дархост пешниҳод намудаанд. Дар даҳаи дуюми моҳи апрели соли равон ғолибони ин озмун дар саҳнаи театри вилоятӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ғолибони озмуни «Дурдона-2017» бо мукофотҳои арзишманд, аз қабили ноутбук, планшет ва телевизор қадрдонӣ мешаванд.

Март 16, 2017 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд