Озмуни «Ҳусноро» ба истиқболи Наврӯз
ДУШАНБЕ, 09.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Қасри ҷавонони шаҳри Кӯлоб миёни ҷавондухтарон озмуни минтақавии «Ҳусноро» баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, мақсади озмун тарғиби арзишҳои миллӣ, маърифати оиладорӣ, рӯ овардан ба амалҳои созандагӣ ва инчунин баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавондухтарон маҳсуб шуда, он дар доираи Соли ҷавонон амалӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи масъулин, шартҳои озмун аз қироати шеър, намоиши либосҳои миллӣ, парпечи тифл ва ороиши мӯю чеҳра иборат буд. Ҷавондухтарони ҳамаи шаҳру навоҳии минтақа дар он фаъолона иштирок карданд.
Гурӯҳи доварон намояндаи шаҳри Кӯлоб Розия Саидоваро ғолиби озмун дониста, намояндаи ноҳияи Фархор Сарвиноз Алиеваро муносиби ҷойи дуюм ва Сабоҳат Холматоваро аз ноҳияи Муъминобод лоиқи ҷойи сеюм шуморида, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






