Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 4-5 марти соли равон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намоишҳои фарҳангӣ аз соати 10:00 то 17:00 идома ёфта, даромад ройгон мебошад.
«Барномаи фарҳангии Япония, ки тӯли ду рӯз манзури меҳмонону тамошобинон мегардад, консерти мусиқии суннатии ҷопонӣ, намоиши рақси суннатии ҷопонӣ, намоиши икебанаю оригамӣ, санъати наҷҷории ҷопонӣ, варзиши ҷопонӣ, либоси суннатии ҷопонӣ ва намоиши филмҳои муосирро дар бар мегирад»,-хабар дод манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки 12-13 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳангии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






