«Паём-ҳидоятномаи миллат» тавассути «Нури маърифат» ба нашр расид

Март 30, 2017 12:14

ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯаи мақолаҳо роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар партави 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Паём-ҳидоятномаи миллат» тариқи нашриёти «Нури маърифат» ба нашр расид.
Тавре аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, дар маҷмӯа якчанд мақолаҳои таҳлилии устодони ин донишгоҳ, аз ҷумла «Паёми Пешвои миллт-ҳидоятномаи аҳли илм ва маориф», «Паёми ояндасоз», «Паёми ояндаи ободу осуда», «Паёми Пешвои миллат-дастур ба ҷавонон дар роҳи бунёди ҷомеаи муосир», «Роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон», «Паёми саодати халқ ва ояндаи дурахшони миллат» гирд оварда шудаанд.
Маҷмӯаи мазкур 16-умин китоб дар чаҳорчӯбаи силсилаи «Раҳнамои тарбият» мебошад, ки ҳамасола аз тарафи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои устодон ва роҳбарони гурӯҳҳои академикӣ нашр мегардад.

Март 30, 2017 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад