Пешвои миллат: «Ҳалли муҳимтарин масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи мардум дар мадди назари доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд»
ДУШАНБЕ, 24.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара иброз намуданд, ки ҳалли муҳимтарин масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи мардум дар мадди назари доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд. «Хусусан, таъмини иҷрои Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017 ба пешрафти минбаъдаи соҳаҳои мухталиф ва хеле беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум такони ҷиддӣ бахшид. Ёдовар мешавам, ки ба барномаи мазкур 338 лоиҳа ба маблағи умумии қариб якуним миллиард сомонӣ ворид шудааст. Соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Исфара татбиқи 24 лоиҳа роҳандозӣ гардида, дар натиҷа 32 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 19 миллион сомонӣ зиёд мебошад».
Дар суханронии хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Исфара яке аз шаҳрҳои асосии саноатии Тоҷикистон буда, корхонаҳои он дорои имконияту иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ дар соҳаи комплекси сӯзишвориву энергетикӣ, кимиё, коркарди маъдан, электротехника, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд.
«Бинобар ин, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, воридоти таҷҳизоти муосири технологӣ, ҷорӣ намудани самтҳои нави истеҳсолот, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, пеш аз ҳама, маҳсулоти содиротӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолият мебошад».








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






